-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Ереван иштирок кард

 9-10 июн дар шаҳри Ереван ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа вазирон вазъи минтақавию байналмилалӣ ва таъсири он ба амнияти давлатҳои узви СААД-ро баррасӣ карда, мубодилаи афкор атрофи такмили абзори вокуниш ба буҳронҳо анҷом доданд.

Аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои солҳои 2022-2024-ро тасдиқ карда, Изҳорот оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ қабул намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа вазирон аз ҷониби Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Н.В.Пашинян ба ҳузур пазируфта шуданд.

Ҷаласаи навбатии ШВКХ СААД дар семоҳаи чоруми соли 2022 дар шаҳри Ереван баргузор мегардад.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news