9.2 C
Tajikistan
Tuesday, June 28, 2022

Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин» дар Нур-Султон иштирок намуд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим дар Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин», ки 8 июн дар шаҳри Нур-Султон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо»  дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишасти мазкур  ҷонибҳо роҳҳои татбиқи минбаъдаи ташаббусҳоеро, ки 25 январи соли равон  дар Саммити маҷозии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ пешниҳод  шуданд, баррасӣ намуданд.

Дар натиҷаи ҷаласа Изҳороти муштараки Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ—Чин», «Харитаи роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2022-2025» ва ташаббусҳо роҷеъ ба амнияти махзанҳои иттилоотӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироӣ қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон ҳавои боронии 17-21 июн метавонад хатари омадани селро зиёд кунад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 17 то 21 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ,  ба истиснои...

Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

 Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз,17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт. Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор...

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар шаҳри Боку муаррифӣ шуд

17 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар...

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

Масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо...

Related news