8 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Иттиҳоди Ҷазираҳои Комор Заҳир Зулкамол, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо дар мавриди муҳимияти Конфронси мазкур дар баррасии рӯзномаи ҷаҳонии об табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба андешидани тадбирҳо баҳри роҳандозии ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.