-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи Анқара мулоқот анҷом дод

8 июн мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Ректори Донишгоҳи Анқара профессор, доктор Неҷдет Унувар баргузор гардид. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Зимни мулоқот  ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таълим ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур мубодилаи афкор  намуданд.

Бояд ёдрас шуд, ки Донишгоҳи Анқара  дар заминаи мактаби ветеринарӣ (1842 с.) ва факултети илмҳои сиёсӣ соли 1859 таъсис гардидааст. Баъдан дар он факултетҳои ҳуқуқшиносӣ соли 1925, забонҳо ва таъриху ҷуғрофия соли 1935 дар ҳузури Кемал Отатурк ифтитоҳ карда шудааст.

Имрӯз Донишгоҳи Анқара  бо 19 факултет, 14 институт, 12 техникум, 1 консерваторияи давлатӣ, 44 маркази тадқиқотӣ, 1 колеҷи забонҳои хориҷӣ ва 4 000 муаллиму 70 000 донишҷӯ фаъолият менамояд. Дар маҷмӯъ донишгоҳ аз 36 шаҳраки донишҷӯи (кампус) дар шаҳрҳои мухталифи Туркия иборат аст.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news