-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба МД «Чаҳонамо» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон мавриди музокирот қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ Тосихиро Аикиро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Ҷопон ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.

Ҷонибҳо манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, маориф, сохтмони роҳу пулҳо, рақамикунонии самти обу корезӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news