-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Профессори турк Ахмед Метен: «Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бисёр масъалаҳоеро бардоштанд, ки мардуми сайёра ҳалли ҳар чӣ зудтари онҳоро интизоранд»

 «Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028», ки имрӯзҳо дар  шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст,  дар шароити кунунии ҷаҳон, хусусан раванди тағйирёбии иқлим хело муҳиму саривақтӣ  мебошад», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳандиси соҳаи об,  профессор Ахмед Метен  аз Ҷумҳурии Туркия.

Ба гуфтаи ӯ, дар конфронси оби Душанбе, ки намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ, ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд, доир ба ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба об бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

«Хусусан суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори масъалаҳои глобалӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист, экология ва об мебошанд, хеле муассиру пурмазмун буд. Эмомалӣ Раҳмон дар  суханронии худ бисёр масъалаҳоеро бардоштанд, ки мардуми сайёра ҳалли ҳар чӣ зудтари онҳоро интизоранд», — тазаккур дод Ахмед Метен.

Профессори турк  афзуд, ки масъалаи тақвияти ҳамкорӣ аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ аз масъалаҳои асосии баррасишавандаи Конфронси об дар Душанбе маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нақши арзишманд гузорад.

Ахмед Метен аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Туркия дар масъалаи обу экология ва ҳифзи муҳити зист изҳори хушиву қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки танҳо дар якҷоягию  ҳамбастагӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ   имкон дорад дар ҳалли мушкилоти сайёра муваффақ гардад.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news