-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Миср иштирок намуд

4 июни соли равон дар шаҳри Шарм-эл-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср мизи мудаввари мудирони Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) зери мавзӯи «Баъди барқароршавӣ: тобоварӣ ва устуворӣ» (Beyond recovery: resilience and sustainability) баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок дошт.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар мизи мудаввар аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Гурӯҳи БИР ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои ҳамкорӣ миннатдорӣ баён намуда, зикр кард кард, ки тибқи рӯнамои пешниҳоднамудаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти таъсири буҳронҳои глобалию минтақавӣ паёмади манфии аз ҳама бештар ба кишварҳои камдаромад эҳсос мегардад ва ин  кишварҳо барои амалӣ намудани тадбирҳои зиддибуҳронӣ нисбат ба  дигар кишварҳо имкониятҳои маҳдуди молиявӣ доранд.

Бинобар ин Завқӣ Завқизода пешниҳод намуд, ки Гурӯҳи БИР фишанги вокуниш ба буҳронҳоро (crisis response window) барои тадбирҳои зиддибуҳронии кишварҳо-аъзои камдаромад бо пешниҳоди маблағҳои имтиёзнок таъсис диҳад.

Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд посух дод, ки қисман як қатор кумакҳои зиддибуҳронӣ пешниҳод мегардад ва иловатан чунин намуд фишанги зиддибуҳрониро барои кишварҳои камдаромад таъсис хоҳанд дод.

Мудирони баъзе кишварҳои дигар низ дар ин чорабинӣ суханронӣ намуда, таклифу  пешниҳодҳои муфид намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news