2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

Миёни Тоҷикистон ва Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо масоили густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуд

Дар Душанбе  вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи БИР Завқӣ Завқизода  бо Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) Ҳани Салем Сонбол доир гардид.

Завқӣ Завқизода ба ҳайати Корпоратсияи Исломии Маблағгузории Савдо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла савдои хориҷӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро муаррифӣ намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус гурӯҳи Бонки Исломии Рушд барои таъмини рушди иқтисоди  миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корпоратсияи мазкур, ҳолати татбиқи лоиҳаҳои амаликунандаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

З.Завқизода аз Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбат ба баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, рушди иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ ва бонкдории исломӣ, саноатикунонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ зиёд карда шавад.

Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои зикршуда, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда баён намуд.

То имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 164 миллион доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 24 миллион  доллар амалӣ мегарданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news