-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Завқӣ Завқизода ва Иброҳим Шукрӣ масоили густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

2 июн дар доираи ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Гурӯҳи БИР аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавии БИР дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни ҳамкории самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи БИР, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, бахши хусусӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи БИР дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо дархост намуд, ки маблағгузории Гурӯҳи БИР ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ зиёд шавад ва он хуш пазируфта шуд.

Илова бар ин аз намояндаи минтақавии БИР дархост гардид, ки ҷиҳати роҳ надодан ба кашолёбии татбиқи лоиҳаҳои БИР дар Тоҷикистон ва тақвият додани раванди иҷрои лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои зарурӣ рӯи кор оварда шаванд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба баён намуданд.

Акс: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news