-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Корхонаи муштараки узбекистонию чинии «UzXCMG» дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи муштараки узбекистонию чинии истеҳсоли мошинҳои соҳаҳои сохтмонию кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи муштарак соли 2014 ифтитоҳ ёфта, дар ин ҷо асосан банду басти мошинҳои калонҳаҷми бинокорию кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад.

Барои бунёду ба кор андохтани корхона аз Ширкати байналмилалии истеҳсоли техникаи вазнини чинӣ — «XCMG» ба маблағи 4,3 миллион доллар хати васлкунӣ ва таҷҳизот ворид гардид.

Дар корхонаи муштарак истеҳсоли зиёда аз 40 намуди техникаи бинокорӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки техникаҳои истеҳсоли корхона аллакай дар саросари Узбекистон дар кори сохтмону кишоварзӣ васеъ истифода мегарданд.

Технологияҳои каммасрафи корхона арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшавандаро коҳиш дода, рақобатпазирии маҳсулотро баланд мебардоранд.

Аз нимаи дуюми соли 2019 истеҳсоли хатҳои нав — экскаваторҳо барои иҷрои ҳаҷми бузурги корҳо дар саноати кӯҳӣ, ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм- истеҳсоли мошинҳои боркаши иқтидори борбардориашон аз 60 то 120 тонна ва кранҳои борбардориашон аз 50 то 100 тонна ба роҳ монда шудааст.

Ба корхона таҷҳизоти гуногун, аз ҷумла ҷузъҳои истеҳсолӣ, кафшери барқӣ, мошинҳои рангубор ва хушккунӣ ворид гардидаанд. Дар оянда истеҳсоли аккумуляторҳо, шиша барои кабина ва чароғҳои равшанидиҳанда низ ба роҳ монда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи муштарак Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барору комёбӣ орзу намуданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news