9.2 C
Tajikistan
Tuesday, June 28, 2022

Пагоҳ дар Гурҷистон Мусобиқаи ҷаҳонии «Tbilisi Grand Slam- 2022» оид ба намуди гӯштини дзюдо оғоз мегардад

Пагоҳ  дар  шаҳри Тбилиси-  пойтахти Гурҷистон Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо  «Tbilisi Grand Slam- 2022»  оғоз мегардад, ки то 5  июн идома меёбад. Дар ин мусобиқаи фароқоравӣ аз рӯи 7 вазн  285 варзишгар  аз 38 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши МД «Ҷаҳоннамо» Меҳрони Қурбон  бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа- 3 июн қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм – 4 июн гӯштингирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард.

Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни занон ба поён мерасад. Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм — 3000 ва ҷои сеюм 1500 евро пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд. Ин мусобиқаи панҷум аз сайри ҷаҳонии дзюдо  дар  соли  2022 мебошад, ки доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар чор мусобиқаи гузашта 3 медал ба даст оварданд. Комроншоҳ Устопириён дар «Гран Прии Португалия»   (28-30 январ) дар вазни -90кг, Темур Раҳимов дар «Гранд Слами Тел Авив» (17-19 феврал) ва «Гранд Слами Анталия»  (1-3 апрел) сазовори медали биринҷӣ шуда буданд.

Муҳлати системаи интихобии олимпии Париж-2024 дар намуди гӯштини дзюдо 26 июн оғоз мегардад. Аллакай варзишгарон дар мусобиқаи оянда – Гранд Слами Уланбатор (24-26 июн) ба ҷамъоварии холҳои олимпӣ шурӯъ мекунанд.

                                                                                               АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

ТАВАҶҶУҲ! Дар Тоҷикистон ҳавои боронии 17-21 июн метавонад хатари омадани селро зиёд кунад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, аз 17 то 21 июни соли равон дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ,  ба истиснои...

Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СААД дар Ереван ширкат варзид

 Кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бояд ҳамкории сиёсиро дар ҳама сатҳҳо ва майдонҳо тақвият бахшанд. Дар ин бора дар ҷаласаи котибони шӯроҳои амнияти ин кишварҳо, ки дирӯз,17 июн дар Ереван баргузор гардид, изҳор шуд карда шуд. Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ иштирок дошт. Котибони шӯроҳои амният тадбирҳои безараргардонии чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви СААД-ро баррасӣ намуда, ҳамчунин як қатор...

Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Фестивали 10-уми байналмиллалии фарҳангӣ дар шаҳри Боку муаррифӣ шуд

17 июн Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку дар Фестивали 10-уми байналмилалӣ оид ба рӯнамоии таъриху фарҳанги кишварҳои хориҷӣ иштирок намуд. Дар...

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор тақвият мебахшад

Масъалаҳои таҳкими равобити дуҷониба байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мулоқоти Раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода бо...

Related news