-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Пагоҳ аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим ба Тоҷикистон меоянд

Пагоҳ, 3 июн  аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  ҷиҳати иштирок дар  ҷаласаи пешвоёни  Эътилофи обу иқлим, ки 4 июн ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи мазкур дар Душанбе баргузор  мегардад ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Тоҷикистон  меоянд.  Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе   тибқи ташаббуси Тоҷикистон  аз ҳисоби намояндагони  воломақому  коршиносони байналмилалии кишварҳои  узви Созмони Милали Муттаҳид, зерниҳодҳои он ва созмонҳои байналмилалӣ  барои  пешбурди раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Интизор меравад, ки аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳое, ки дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил карда мешавад, боздид намоянд.

Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе  бо мақсади бомувафаққият гузаронидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», аз ҷумла таҳияи барномаи фарогир ва санади ниҳоии Конфронс ташкил карда шудааст.

Кумита аз 30 намояндагон ва коршиносони кишварҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон (Африка, Осиё, Австралия, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Лотинӣ), ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ташкил ёфтааст.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news