-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дуторнавози тоҷик Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии «Бозторгай» соҳиби ҷои аввал гардид

Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷои аввал гардид, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон.

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай» бо иштироки 700 нафар наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он  донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуда, аз рӯи номинаи «Иҷроиши мардумӣ» дар дутор сазовори ҷои аввал гардид.

Дар озмуни мазкур иштирокчиёни аз рӯи номинаҳои «вокал», «хореография» ва «иҷроиши мардумӣ» ширкат варзиданд. Миёни онҳо Севара Шарипова маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news