-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба пешвози Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир гардид

Ҷавонон ҳамчун ояндасози давлату миллат сидқан ва бо тамоми ҳастӣ ба Ватан хизмат намоянд. Бо ҳушёриву зиракӣ манфиатҳои миллии худиро аз хатарҳои бегонапарастон эмин нигоҳ дошта, нагузоранд амалҳои ифротии хоинони миллат, ки бо ҳар гуна роҳҳо ба афкори ҷавонон таъсир расонидан мехоҳанд, амалӣ гарданд. Чунин  даъват ба амал оварда шуд дар ҳамоиш таҳти унвони «Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем!», ки дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови  вилояти Суғд доир гардид. Ҳамоиш ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад  МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба   дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Бобоҷон Ғафуров.

Дар ҳамоиш фаъолони ҳаракат, намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.

Зикр карда шуд,  ки ҳар сол мардуми мо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо тантана ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлол ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадру қимати сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.

Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳамияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус бошад.

Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.

Ҳамоиш бо барномаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия хотирмон анҷом пазируфт.

АКС: МИҲД-и н. Бобоҷон Ғафуров

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news