-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дар Душанбе масъалаи содагардонии расмиёти савдо баррасӣ шуд

Масъалаҳо вобаста ба татбиқи супоришҳои қаблии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо /КҲСРС/  раванди амалигардонии «Реҷаи гармӣ», инчунин мушкилот дар самти дастрас намудани рухсатнома барои воридшавӣ ва хориҷшавии воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҷаласаи чордаҳуми  КҲСРС, ки таҳти раёстаи муовини Вазири рушди иқтисоди кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Абдураҳмон  Абдураҳмонзода зикр намуд, ки мақсади асосии баргузор намудани ҷаласаҳои КҲСРС иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти суръатбахшии корҳо ҷиҳати рақамикунонии иқтисоди миллӣ, рушди иқтисоди сабз ва содагардонии расмиёти савдо дар кишвар мебошад.

Дар кори ҷаласа миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ муколамаи озод сурат гирифт. Зикр шуд, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news