-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

«АСАРҲОИ РАССОМӢ ДАР МАВЗӮИ ОБ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин мусаввараҳо ба тамошо гузошта шуданд

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Асарҳои рассомӣ дар мавзӯи об» беҳтарин мусаввараҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба тамошо гузошта шуданд, иттилоъ доданд ба  МД «Ҷаҳоннамо» дар  ин муассиса.

Дар намоишгоҳ асарҳои  офаридаҳои Бахтиёр Одинаев «Дарёи Зарафшон», Хушбахт  Хушвахтов «Оромӣ», Янтобе Мамадқулов «Кӯли Сарез», Зиёратшо Довудов «Дарвоз», Сабзалӣ Шарипов «Ҳушёрӣ» ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Мусаввараҳои ин намоиш бинандаро бо дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, пиряхҳо ва табиати нотакрори мамлакат шинос намуда, далели кишвари обӣ ва сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳадафи ба тамошо гузоштани асарҳо-шинос намудани меҳмонону иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо сарчашмаҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дӯстдорони ҳунари волои рассомиро  ба тамошои «Асарҳои рассомӣ дар мавзӯи об» даъват менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news