-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо иштирок намуд

 Дар иҷлосияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки аз 24 то 27 май бо ташаббуси Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия дар ин кишвар баргузор карда шуд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Дар иҷлосияи ҳафтуми Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Президенти Индонезия Ҷоко Видодо, муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо Мами Мизутори ширкат варзиданд. Дар нишаст, ки ҳамчунин дар низоми онлайн роҳандозӣ шуд, беш аз 7 ҳазор нафар аз 92 кишвари олам иштирок намуданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба он кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ низ шомил буданд, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода роҳбарӣ кард.

Рустам Назарзода дар мавзӯи «Таҳкими чораҳои коҳиши хатари офатҳо барои пешгирӣ аз вазъи фавқулодаи иқлимӣ» сухан гуфт.

Дар доираи иштирок дар кори иҷлосия Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо вазирони ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Беларус мулоқот доир намуд. Зимни вохӯриҳо иқдомҳои минбаъдаи татбиқи чорабиниҳои муштараки тарҳрезишуда баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин раиси Кумита бо Роҳбари Дафтари минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо Октавиан Бивол, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори ва дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ хонум Нжупуо Яп Мариату мулоқот доир намуд.

Дар вохӯриҳо масъалаҳои таъсиси Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, Маркази ғаввосон дар шаҳри Норак, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар доираи ИНСАРАГ, инчунин масъалаҳои омодасозии ҷаласаи навбатии сарварони идораҳои наҷоти икшварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: КҲФ ва МГ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news