-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Тоҷикистон ва Чин тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро баррасӣ намуданд

28 май мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин баргузор гардид. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, тарафҳо ба аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак барои рафъи пайомадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди  терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин ҷиҳати иштирок дар даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавии мушвирон оид ба амнияти миллӣ/котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон ба Душанбе омадааст.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news