-13.2 C
Tajikistan
Wednesday, November 30, 2022

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

30 май дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аъзои Шӯро дар маҷмӯъ 25 масъала, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар бораи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», 2 қонуни мукаммал — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар қатори дигар масъалаҳо аз ҷониби аъзои Шӯро инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Нишони Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва муҳокима карда шуданд.

Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати...

Вакили Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД иштирок намуд

Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Сафарзода дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АБ...

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд

28 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфт.

Ашрафҷон Гулов дар ҷаласаи 38-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории исломӣ ва тиҷоратии СҲИ иштирок намуд

 28 ноябр  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар 38-умин ҷаласаи Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони...

Related news