-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Корея дар Тоҷикистон донишгоҳи муштараки омодасозии мутахассисони техникӣ ва лифтсозӣ таъсис медиҳад

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкории судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ донишгоҳи муштарак таъсис диҳад. Ин матлаб зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок баён гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея, ки ҳамасола баргузор мегарданд, ба роҳ мондааст.

Дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон — Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея як намунаи ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.

Омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудаанд.

Ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ба омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар хатми суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм тадбирҳои судманду дахлдор андешида мешаванд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news