-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дар Душанбе машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА доир гардиданд

 Имрӯз, 25 май дар шаҳри Душанбе даври нӯҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу дар доираи сафар ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар ин сафар Лу ҳайати Амрикоро роҳбарӣ мекунад, ки аз рӯзҳои 23-27 май аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон бо мақсади тақвият бахшидани равобит бо минтақа ва талошҳои муштарак барои эҳёи бештари Осиёи Марказии ҳамбаста, шукуфон ва амн боздид кунад.

Инчунин, дар Тоҷикистон ҳайати Амрико бо шахсони расмии баландпоя ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ карда, ироаи кумакҳои башардӯстона ва дигар пуштибонӣ ба гурезаҳои афғон, ҳуқуқи башар ва ташаббусҳои муштарак дар заминаи амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар ҷомеаро баррасӣ намояд.

Ба ҳайати Департаменти давлатии ИМА директори аршади Шӯрои амнияти миллӣ оид ба Русия ва Осиёи Марказӣ Эрик Грин, муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Ребекка Тсиммерман, муовини ёвари мудири Бюрои осиёии Агентии рушди байналмилалӣ Анҷали Каур ва муовини роҳбари дастгоҳи Корпоратсияи молиявии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ Наз ал-Хатиб шомил мебошанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news