-2.2 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

«BUKHARA FASHION DAYS». Дар ин намоишгоҳ тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов ҳунари хешро ба тамошо гузоштааст

Имрӯз дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи “Bukhara fashion days” баргузор шуд, ки дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов низ ҳунари дастии хешро ба тамошо гузоштааст. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи нақшаи кории Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2022 аз ҷониби Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон дар якҷоягӣ бо намояндагии ЮНЕСКО дар шаҳри Тошканд 21 май дар шаҳри Бухоро Фестивали байналмилалии ҳунари гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ (кашидадӯзӣ) оғоз ёфт.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзодаро дар Тошканд муовини аввали Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон Озода Парпибоева ва вакили Сенати Узбекистон пешвоз гирифтанд.

Дар бинои мадрасаи Кӯкалтош тарроҳон аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия корҳои намоёни дастии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Махсусан тарроҳони мӯд, ба мисли Маҳфуза Салимова, Ирина Шарифова (Узбекистон), Айдархон Калиев (Қазоқистон), Саидҷалол Махсумов (Тоҷикистон), Мирраҳим Опош (Қирғизистон), Асуман Исчинор (Туркия) ва дигар устодони ҳунар коллексияҳои рангоранги ҳунарии худро дар ин фестивал намоиш доданд.

Дар фестивал зиёда аз 200 нафар занони ҳунарманд, олимон ва донандагони соҳаи санъати миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳунармандон аз 58 давлати дунё иштирок доранд. Миёни онҳо 110 нафар заргарон, 37 нафар устоҳои зардӯз, 44 нафар гулдӯзон ва 97 нафар устоҳои соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ ҳастанд.

Мақсад аз баргузории фестивал- муаррифии васеътари ҳунарҳои миллии мардумӣ, тарғиби шакли нотакрори он, роҳандозии табодули таҷриба дар ин самт миёни устодони ин ҳунар ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро то 25 май идома меёбад.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news