-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Пагоҳ ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад

 Пагоҳ, 24 май нишасти Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад, ки дар он ҷонибҳо хатару таҳдидҳои амниятиро баррасӣ мекунанд. Тавре МД «Ҷаҳоннамо» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти СААД иттилоъ додааст.

«24 май таҳти раёсати вазири дифои Ҷумҳурии Арманистон Сурен Папикян ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шакли видео-конфронс баргузор мешавад,-омадааст дар хабар.- Иштирокчиёни ҷаласа хатару таҳдидҳо ба амнияти низомиро дар минтақаҳои амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СААД баррасӣ хоҳанд кард».

Тавре дар созмон зикр намуданд, дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дабири кулли СААД Станислав  Зас ва сардори Ситоди муштараки СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирок менамоянд. «Зимни ҷаласа баррасии нақшаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва ташкили қувваҳою воситаҳои системаи амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои соли 2023, лоиҳаи қарорҳои мақомоти оинномавӣ оид ба ташкили муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвию биологӣ ва таъминоти тиббии СААД дар назар аст»,-изҳор доштанд дар хадамоти матбуоти СААД.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҳуҷҷатҳо оид ба «такмили фармондеҳӣ ва назорати неруҳо (қувваҳои дастҷамъӣ)-и СААД ва тарҳи қарорҳои Шӯро оид ба муносибатҳои байналмилалӣ дар бораи созмони таҳқиқотии бунёдии кишварҳои узви СААД дар заминаи таҳқиқоти рушди мушкилоти муборизаи радиоэлектронӣ ва  ташкилоти асосии таълимию методии тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ аз рӯи ихтисосҳои чангҳои радиоэлектрониро баррасӣ менамоянд».

ДАР АКС: нишасти Шӯрои мудофиаи кишварҳои узви СААД дар Душанбе, 24 апрели соли 2021.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news