-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад

Имрӯз, 23 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии Созмон баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба фаъолияти муштараки давлатҳои «оилаи СҲШ» дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд. Дар ин замина, аҳамияти иқдомоти зарурӣ ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.

Дабири кулли СҲШ аҳамияти таърихии натиҷаҳои саммити СҲШ-ро дар Душанбе, ки ба 20-умин солгарди таъсиси созмон бахшида шуда буд, зикр кард.

С. Муҳриддин ба Дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расонидани мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.

Акс: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news