-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова таҳти унвони «Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ.

Дар барномаи фарҳангӣ раққосаҳои балет аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон ва Япония ҳунарнамоӣ мекунанд.

Агар умр вафо мекард, беҳтарин балеринаи тоҷик Малика Собирова 22 майи имсол 80 — сола мешуд, вале ӯ дар синни 39 ин оламро тарк кард. Ӯ Лауреати конкурси байналхалқии балети классикӣ дар Варна(1964), Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(1967), мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ, мукофоти комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон(1967), орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мебошад.

Малика Собироваро асосгузори рақси балети классикии тоҷик медонанд. Зеро истеъдоди табиӣ ва меҳнатдӯстии ӯ сабаб гардиданд, ки ин ҳунарпешаи нотакрор дар саҳна нақшҳои беназир ва олӣ офарад. Ӯ тавассути рақси мавзун ва хиромони шарқӣ эҳсосҳои самимии инсониятро ҷустуҷӯ намуда, ба тамошобинон мерасонд.

Малика Собирова зимни фаъолияти худ дар саҳнаҳои бузурги Британия, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Аврупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ ҳунарнамоӣ намуда буд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news