-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» баргузор гардид.

Тавре ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ раванди татбиқ ва чорабиниҳои амалишудаи лоиҳаи мазкур давоми соли 2022 ва нақшаи кории марҳилаи навбатӣ барои то давраи анҷоми муҳлати он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбари ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ Ҷеймс Брайант Колиер аз раванди татбиқи лоиҳа изҳори ризоият намуда, гуфт, ки новобаста ба баъзе мушкилоти маблағгузорӣ кумита ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Раиси Кумита Б. Шерализода зимни баёни андеша оид ба беҳтар намудани натиҷаҳои лоиҳа ва самаранок истифода намудани маблағҳои пешбинишуда якчанд таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news