27 апрел раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин мулоқот доир намуд.
Тавре МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот дар атрофи масъалаҳои тавсеа ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, инчунин зарурати барқарор кардани вохӯриву тамосҳо дар сиғаи ҳузурӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС: ММ МО ҶТ