3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Ҷаласаи маҷозии гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия доир ба соҳаи кишоварзӣ сурат гирифт

19 апрел ҷаласаи маҷозии гурӯҳи кории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир ба соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо вобаста ба соҳаи мазкур миёни ду давлат, инчунин таҳияи «Харитаи роҳ» барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ миёни Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023 мавриди музокироти ҷонибҳо қарор гирифтанд, хабар доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.

Дар ҷаласаи корӣ  муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ доир ба имконоти мавҷуда ва истифодаи ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзии мамлакат ба иштирокдорон маълумот дод.

Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти минбаъдаи ҳамкории вазоратҳои мазкурро оид ба муомилоти маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташаккули феҳристи ширкатҳои содиркунанда, инчунин якчанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ, ки имкони афзоиши содироти мутақобила ба бозорҳои ҳарду кишварро доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин масоили бастани шартномаҳои мустақим оид ба таҳвили ваксинаҳои байторӣ ва системаҳои ташхиси тестӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи назорати байторӣ ва фитосанитариро мавриди таҳлил қарор доданд.

АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news