2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» натавонист дар ин бозии муҳим бар дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ғолиб ояд

Шаби 19 ба 20 апрел чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми  марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ,   рақобат карда, бо ҳисоби 0:3  мағлуб гардид ва имконияти  аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Аз ин пеш  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми  гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022  аз дастаи   «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ  бо ҳисоби 1:0  мағлуб гардида буд.

Мавриди зикр аст, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар  бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз  дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб  бо  ҳисоби 2:1 мағлуб гардид  ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ  ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес  дар дақиқаи  54 ва   Бернард Анисио  дар дақиқаи  57 ба ҳадаф расониданд.

Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд.

Пас аз чор бозии пайи ҳам дастаи футболи  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе ягон имтиёз ба даст наоварда, дар зинаи  охири ҷадвал қарор  гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё   23  апрел бо  дастаи  «Ал-Райян»-и  Қатар  баргузор мекунад.

                                                                                                           АКС: ФФТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news