-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Дар Душанбе лоиҳаи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ мавриди муҳокима қарор гирифт

Дар Душанбе мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Дон Сок баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон доир ба таҳкими ҳамкории ду давлат дар бахши фаъолияти  гумрукӣ суҳбат намуданд, иттилоъ доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон дар радифи баррасии тақвияти ҳамкории гумрукӣ масъалаҳои баимзорасонии лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва самаранокии истифодаи зернизоми Идораи таваккали  Низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрукро матраҳ намуданд.

Баимзорасонӣ ва татбиқи ин санад ҳамкории мутақобилан судмандро густариш дода, барои содагардонии амалиёти воридотию содиротӣ, додугирифти маълумоти гумрукӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, расонидани ёрии амалии мутақобила ва оғози лоиҳаҳои дигари кумакҳои техникӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Зернизоми Идораи таваккали Низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии Корея таъсис ёфта, моҳи сентябри соли 2021 зимни сафари Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Ҷэй Ҳён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

Дар айни замон зернизоми мазкур самаранок фаъолият намуда, барои ҷилавгирии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

 АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news