2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Даромадҳои буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 310 миллион сомонӣ аз нақша зиёд шуданд

Даромадҳои буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба нақшаи пешбининамудаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» 4,5 фоиз ё худ 310 миллион сомонӣ (ҳудуди 25 миллион доллари ИМА) зиёд шуданд. Ҳаҷми умумии буҷети давлатии мамлакат дар се моҳи аввали соли равон беш аз 7,1 миллиард сомониро (570 миллион долларро) ташкил намуд. Дар ин бора аз маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, иттилоъ медиҳад МД «Ҷаҳоннамо».

Чунин нишондиҳандаҳо бо афзоиши баланди даромадҳои андоз, ки ҳиссаи онҳо дар қисми даромад аз 72 фоиз зиёд буд, шарҳ дода мешаванд. Танҳо дар 2 моҳи соли равон  ҳаҷми умумии пардохтҳои андозӣ аз шаҳрвандони мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 18,1% (507 млн. сомонӣ) зиёдтар аст.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷет, маблағгузорӣ имсол қариб дар ҳамаи соҳаҳо, ба ғайр аз таъмини дастгоҳи давлатӣ зиёд карда шудааст.

Ба ҳисоби фоиз афзоиш дар соҳаҳои зерин: нигоҳдории тандурустӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва кишоварзӣ ба назар мерасад.

Инчунин маблағҳои калон ба соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ ҷудо карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки дар он барои баъзе андозҳо имтиёзу  сабукиҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ки беш аз 40%-и даромади андози буҷетро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% поин рафт.

Ҳукумати Тоҷикистон  соли 2022 даромади буҷети мамлакатро   19,4%  зиёд менамояд.

Қисми даромади буҷет ба маблағи 33 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) тасдиқ шудааст, ки ба 31,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат баробар мебошад. Ин нисбат ба соли 2021 5,3 миллиард сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news