3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор Маҷмааи баландошёнаи «Hisor Мall» бунёд мегардад

Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри  Ҳисор Маҷмааи бисёрвазифавии баландошёнаи «Hisor Мall», ки тарҳи онро ҶДММ «Архиком-К» омода намуда ва аз лиҳози сохту услуби  меъморӣ дар ҷумҳурӣ ягонаю нодир аст, бунёд карда мешавад.

МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки Маҷмааи бисёрвазифавии баландошёнаи «Ҳисор-Молл»-ро ширкати сохтмонии «Себистон 2018» бунёд менамояд.

Раиси  шаҳри  Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, хусусан корҳои оҳану бетонӣ дар пойдевори иншооти ҷашнии «Ҳисор Молл», ки дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Абдурауф Юсуфов бунёд мешавад, шинос гардид.

Масъулони ширкати сохтмонии «Себистон 2018» зимни вохӯрӣ ба Раиси шаҳри Ҳисор  изҳор доштанд, ки  минбаъд барои вусъати корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар мутахассисону сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб менамоянд. Ба Раиси шаҳр ангораи лоиҳаи биноро муаррифӣ намуда, маълумот доданд, ки тибқи лоиҳа, иншоот аз як бинои 20-ошёна ва ду бинои 17-ошёна бо 93 хонаи якҳуҷрагӣ, 150 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 15 хонаи сеҳуҷрагӣ иборат буда, соли 2024  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар ошёнаҳои якуму дуюми бино марказҳои савдою хизматрасонӣ, аз қабили супермаркетҳо, тарабхонаю қаҳвахона, ошхонаи хӯрокҳои тезтайёр, кинотеатр, бонк, толорҳои бозиҳои кӯдакона ва компютерӣ, кошонаи ҳусн, фитнесклубҳои занонаву мардона, ҳавзи шиноварӣ, дигар марказҳои хизматрасонӣ, инчунин дар таҳхонаи бино дар ду ошёна тавақуфгоҳ барои мошинҳо, ки дар Ҳисор таҷрибаи аввалин ба ҳисоб меравад, дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин байни таҳхона ва ошёнаҳои 1-2 насби якчанд зинаҳои равон (эскалатор) ва дар ҳар бино 3 адад лифт, аз ҷумла лифти борбардор пешбинӣ гардидааст. Иншоот аз ҳисоби чоҳи амудии худӣ пурра бо оби ошомоданӣ таъмин гардида, дар ҳолати қатъ гардидани интиқоли барқ аз 4 то 5 соат бо усули худкор бо барқ таъмин хоҳад шуд.

Дар марказҳои хизматрасонии ҳудуди иншоот ба сокинони биноҳои мазкур дар пардохти маблағи он 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад. Қосим Роҳбар намои биноро, ки дар лоиҳа омадааст, беҳтарин тарҳ унвон карда, сохтмончиёнро барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо ҳидоят намуд.

Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Усто Набот», «Металлинвест», «Евростандарт», «Дилосо», «Нури Дилшод», «Сохтмон Қалъа», «Ормон 2019», «Заррин 21» дар 26 мавзеи шаҳри Ҳисор сохтмони беш аз 50 бинои баландошёна бо ҷойгиркунии марказҳои савдою хизматрасонӣ идома дорад.

Иншооти мазкур дар доираи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  давра ба давра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

 АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news