4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Дар Душанбе Форуми сармоягузорони Тоҷикистон ва Русия доир мегардад

 28 апрели соли равон дар Душанбе  Форуми сармоягузорони  Тоҷикистон  ва  Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни  мулоқот  бо  Раиси палатаи савдо ва саноати шаҳри Санкт-Петербурги Русия Владимир Катенев изҳор намуд, хабар доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки  дар соли 2021ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди 1,3 миллиард долларро убур кард,  ки ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад. Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил дода буд.

Ба гуфтаи Евгений Коренков, Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ — 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус ҳам бештар гаштааст.

Дар баробари ин дар Русия меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил додааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  хабар дода  буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Хотиррасон мешавем, ки аз 12 то 15 апрели соли равон Сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор дошт.

                                               АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news