2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Ҳайати Созмони ҳамкории исломӣ дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе иштирок хоҳад кард

14 апрел дар шаҳри Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи  доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли СҲИ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони мазкурро баррасӣ карданд. Зимнан доир ба  ҷараёни омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шарҳи муфассал дода шуд.

Ҳусейн Иброҳим Тоҳо таъкид намуд, ки ҳайати СҲИ дар ин чорабинии байналмилалии муҳим дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Тавре қаблан МД «Ҷаҳоннамо» хабар дода буд, 12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 юни соли 2022 зери унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» дар шаҳри Душанбе барпо хоҳад гардид, таҳти роҳбарии раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Дар ҷараёни нишаст муовини раиси кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маълумот пешниҳод кард.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори он котиботи Конфронс таъсис ёфта, ҳоло дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Илова бар ин, ба сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. Торнамои расмии Конфронс дар шабакаи интернет (www.dushanbewaterprocess.org) ва саҳифаҳои Конфронс дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» (@DWaterProcess) ва «Facebook» (Dushanbe Water Process) боз гардиданд.

Дар Конфронси дуюми сатҳи баланд баргузории панелҳо тибқи се гурӯҳи алоҳида гурӯҳбандӣ шуда, ба мавзӯъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пасазбуҳронии ҳамагирии COVID-19 ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ, дар маҷмӯъ 12 панел дар назар аст.

Дар доираи Конфронс 6 Форум, аз ҷумла Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Форуми об барои занон, Форуми об барои кӯдакону ҷавонон, Форуми об барои ҷамоатҳои маҳаллӣ/мардуми таҳҷоӣ, Форуми об ва кӯҳистон ба хотири рушди устувор ва Форуми об бо иштироки бахши хусусӣ, инчунин Фестивали об дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» гузаронида мешаванд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news