3.8 C
Tajikistan
Wednesday, May 18, 2022

Суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ашт

16.04.2022, ноҳияи Ашт

Ҳамдиёрони азиз!

Муҳтарам намояндагони мардуми сарбаланди ноҳияи Ашт!

Аз субҳи имрӯз мо дар ноҳияи шумо қарор дорем ва хуб мушоҳида кардем, ки сокинони ноҳияи Ашт солҳои охир ва хусусан, соли гузашта барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни муқаддасу мубораки 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон аҳлона заҳмат кашида, корҳои зиёди ободониву созандагиро ба анҷом расонидаанд.

Дар давоми се соли бунёдкориву ободонӣ дар ноҳия 426 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 160 миллион сомонӣ ва бо таъсиси 1200 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла беморхонаи навбунёд, кӯдакистон, коргоҳи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ ва иншооти дигар иштирок кардем, ки ҳамаи онҳо натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи сокинону соҳибкорони бонангу номуси ноҳия мебошанд.

Танҳо барои бунёди беморхонаи нав аз ҳисоби аҳолии деҳоти «Понғоз» беш аз 12 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мо ба маркази ноҳия тавассути роҳи бо сифати баланд таҷдидгардидаи деҳоти «Понғоз» омадем.

Ин роҳ бо иқдоми аҳолии деҳот анҷом дода шудааст, ки қобили таҳсин ва намунаи ибрат мебошад.

Роҳҳои деҳоти «Понғоз», дар маҷмӯъ, ба масофаи 45 километр, аз ҷумла 15 километр роҳи асосӣ ва 30 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо ба маблағи 10,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби сокинон таҷдид гардидаанд.

Илова бар ин, мо санги асоси корхонаҳои коркарди пахта ва нассоҷиро гузоштем, ки дар ояндаи наздиктарин ба фаъолият оғоз карда, дар онҳо 460 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Корхонаҳои мазкур пурра аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия бунёд карда мешаванд.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки соҳибкорони ноҳияи Ашт бо мақсади расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва сармоягузории лоиҳаҳои сохтмони корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияро таъсис додаанд.

Дар натиҷаи корҳои созандаи солҳои охир амалигардида ноҳия ва деҳоти он хеле ободу зебо шуда, бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ бартараф ва шароити зиндагии сокинон бамаротиб беҳтар гардидааст.

Бовар дорам, ки раванди корҳои ободонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва аҳолии ноҳия боз ҳам вусъат дода мешавад.

Имрӯзҳо ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои панҷсолаи рушди саноат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ барои давраи то соли 2026 таҳия шуда истодааст.

Дар робита ба ин, аҳаммияти масъалаи панҷсолаи рушди саноатро мехоҳам махсус таъкид намоям, зеро рушди бомароми иқтисоди миллии мо, бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҳамватанонамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, аз ҷумла мардуми ноҳия аз амалӣ гардидани ин ҳадаф вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, дар нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бояд бо дарназардошти ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, натиҷаҳои татбиқи нақшаи қаблӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳия ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва деҳаву маҳалҳои аҳолинишин диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Илова бар ин, зарур аст, ки корҳоро дар самти татбиқи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия тақвият бахшида, иҷрои босифату саривақтии лоиҳаҳои дар он пешбинигардида таъмин карда шавад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ашт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1,5 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ин давра ҷиҳати бунёду таҷдиди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, нигоҳдории роҳҳо ва сохтмони хатти интиқоли барқ дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 255 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло дар самтҳои зикршуда татбиқи боз 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро таъкид месозам.

Имрӯз таъмин намудани рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ бе ҷалби сармояи мустақим ғайриимкон мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки дар ноҳияи Ашт барои бунёди корхонаву коргоҳҳо дар самти коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, яъне рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ — консерваи меваю сабзавот, намаки ошӣ, масолеҳи сохтмон, коркарди пӯсту пашм, доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ва ҳамзамон бо ин, доир ба рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд мавҷуд буда, барои сармоягузорони ватаниву хориҷӣ хеле ҷолиб мебошанд.

Зарур аст, ки ин имкониятҳоро ба соҳибкорони хориҷиву дохилӣ ба таври васеъ муаррифӣ карда, кор дар ин самт тақвият бахшида шавад.

Зеро ҳалли масъалаҳои зикршуда яке аз омилҳои муҳимми таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам масъалаи пешниҳоди қарзро ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия таъкид намоям.

Соли 2021 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ҳудуди ноҳия 171 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки танҳо 34 миллион сомонии он ба соҳаи саноат равона гардидааст.

Чунин вазъ барои дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва ноил шудан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар кофӣ нест.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии он ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардида, дар ин хусус 6-уми январи соли ҷорӣ фармони Президенти мамлакат ба имзо расид.

Аз оғози соли ҷорӣ дар кишвар Кодекси андоз дар таҳрири нав амал карда истодааст, ки дар он аввалин бор дар таърихи даврони истиқлол барои соҳибкорону сармоягузорон, яъне рушди соҳибкорӣ имтиёзу сабукиҳои зиёд пешниҳод шудаанд.

Соли 2021 дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Ашт дар ҳаҷми 254 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба нишондиҳандаи соли 2020-ум баробар мебошад, яъне дар давоми соли гузашта афзоиш наёфтааст.

Илова бар ин, дар се моҳи аввали соли 2022 аз 31 намуди маҳсулоти саноатии ноҳия истеҳсоли 8 намуди маҳсулот кам шудааст ва 3 намуди маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.

Аз ҷумла намаки ошӣ, ки ноҳия имкониятҳои зиёди истеҳсол ва содироти онро дорад, бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати иҷозатномаи корхонаи «Намаки Ашт» барои истихроҷу коркард ва сари вақт тамдид нагардидани он умуман истеҳсол нашудааст.

Бо дарназардошти захираҳои мавҷуда ноҳияи Ашт бояд содиркунандаи асосии намаки кишвар бошад.

Вале дар се соли охир содироти он босуръат коҳиш ёфта, аз 2,1 ҳазор тоннаи соли 2019 ҳамагӣ ба 78 тонна дар соли 2021 расидааст.

Корхонаи мазкур 4 апрели соли ҷорӣ фаъолияти истеҳсолиро оғоз намуд ва ҳоло лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакат доир ба додани иҷозатнома аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба баррасии Ҳукумат пешниҳод гардидааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ашт бояд доир ба афзоиш додани ҳаҷми истихроҷу истеҳсоли намак ва содироти он тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Бо вуҷуди он, ки соли 2021 дар ноҳия истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба соли қаблӣ ду баробар зиёд шудааст, вале аз ҳисоби истеҳсоли худӣ таъмин кардани хонандагон ҳамагӣ 33 фоизро ташкил медиҳад.

Чунин вазъ ташвишовар буда, андешидани тадбирҳои заруриро аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тақозо дорад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва боло бурдани иқтидори истеҳсолии ноҳия чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Мардуми ноҳияи Ашт аз қадимулайём бо ҳунарҳои дастӣ ва косибӣ шуҳрати зиёд доранд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарону масъулони ноҳия бояд барои эҳё намудани ҳунарҳои қадимии ин диёр ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароит фароҳам оваранд.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ноҳия бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он пайваста ташаббусҳои созанда нишон медиҳанд.

Танҳо дар ду соли охир бо иқдоми онҳо 732 гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ ва аз худ карда шуда, 820 гектар боғу токзорҳои нав барои парвариши навъҳои серҳосилу содиротии меваю ангур бунёд гардидаанд, ки дар як қисми онҳо технологияҳои муосир ва обёрии қатрагӣ ҷорӣ шудаанд.

Ноҳияи Ашт аз лиҳози майдони боғу токзор яке аз калонтарин ноҳияҳои кишвар буда, масоҳати умумии он қариб 19 ҳазору 400 гектар, аз ҷумла 18 ҳазору 800 гектар боғ ва 540 гектар токзорро ташкил медиҳад.

Дар солҳои боду ҳавои мусоид тибқи ҳисоботи гумрукӣ аз ноҳия ҳар сол дар доираи 3,5 – 4 ҳазор тонна мева содирот мешавад, ки қариб 20 фоизи содироти меваи вилоятро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, таъкид менамоям, ки имконияту иқтидорҳои ноҳия дар самти содироти меваю ангур ҳанӯз ҳам пурра истифода нашуда истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла дар атрофи заминҳои кораму боғот дар майдони 600 гектар истеҳсоли хуч ба роҳ монда шуда, дар се соли охир зиёда аз 1000 тонна маҳсулот истеҳсол ва содирот гардидааст.

Инчунин, дар заминҳои ғайрикишоварзии ноҳия хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил гардида, танҳо дар се соли охир истеҳсоли моҳӣ беш аз 4 баробар зиёд ва ба 173 тонна расонида шудааст, ки 20 фоизи моҳии дар вилоят истеҳсолшударо ташкил медиҳад.

Дар самти афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия фермаҳои парвариши чорвои зотӣ ташкил карда шуда, технологияҳои нави истеҳсоли хӯроки чорво ҷорӣ гардида истодааст.

Соли 2021 кишоварзони ноҳия беш аз 19 ҳазор тонна (соли 2020-ум 13,6 ҳазор тонна) пахта истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 42 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта аз ҳисоби зиёд шудани ҳосилнокӣ – то 31,1 сентнер аз як гектар таъмин гардидааст, ки нишондиҳандаи баландтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта 550 миллион сомониро ташкил карда, нисбат ба соли 2020-ум 7,4 фоиз коҳиш ёфтааст.

Камшавии маҳсулот асосан аз ҳисоби коҳиш ёфтани истеҳсоли меваҷот (73 фоиз кам нисбат ба соли гузашта) ва полезӣ (53 фоиз кам) бо сабаби дар фасли баҳор номусоид омадани боду ҳаво ба вуҷуд омадааст.

Дар баробари ин, имкониятҳои истеҳсолии ду хоҷагии ҷангали дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта дуруст истифода бурда намешавад.

Аз майдони умумии онҳо, ки зиёда аз 64 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, танҳо 22 гектараш хучзор буда, соли 2021 дар онҳо ҳамагӣ 10 тонна хуч истеҳсол шудааст, ки тамоман ночиз мебошад.

Дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳия чунин вазъ дар истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулот низ ба назар мерасад.

Гарчанде ноҳия дорои шароити мусоид барои рушди чорводорӣ буда, саршумори чорвои калон ба зиёда аз 42 ҳазор сар ва чорвои майда ба 171 ҳазор сар расидааст (аз ҷумла дар хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов бузи серпашми ангорӣ қариб 26 ҳазор сар), вале коркарди пашму пӯст дар ноҳия ба роҳ монда нашудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Умуман, вазъи соҳаи кишоварзии ноҳия талаб мекунад, ки роҳбарону мутахассисони ноҳия доир ба бартарафсозии камбудиҳои зикршуда, инчунин, ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии боғҳо, зиёд кардани майдони навъҳои наву содиротии ангур, аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои нав ва аз ин ҳисоб васеъ намудани майдони боғу токзорҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорию парандапарварӣ ва коркарди онҳо, инчунин, зиёд кардани содироти маҳсулот чораҳои мушаххас андешанд.

Хотиррасон месозам, ки дар ноҳия барои аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои нав, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ва фароҳам овардани ҳазорҳо ҷойи корӣ барои сокинони маҳаллӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки камбудиву мушкилоти соҳаи маориф низ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.

Зеро дар ноҳия имрӯз 2 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 4 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳия вазъи иҷрои барномаҳои соҳаи маориф қонеъкунанда нест.

Аз ҷумла иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018 – 2022 дар ноҳия то ба имрӯз ҳамагӣ 45 фоиз таъмин шудааст.

Дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 бояд 12 муассисаи томактабӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода мешуд, вале дар давраи татбиқи барнома танҳо як кӯдакистони хусусӣ ташкил гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия ҳамагӣ 17 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Ашт соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша зиёданд ва зарур аст, ки имкониятҳои онҳо барои рафъи мушкилоти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шаванд.

Кӯдакистони хусусие, ки имрӯз дар шаҳраки Шайдон барои 80 нафар кӯдак ва 20 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд, аз ҷониби яке аз соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Соҳибкорони дигар низ метавонанд дар ин самт ташаббусҳои ватандӯстона зоҳир намоянд ва дар масъалаи ҳалли мушкилоти соҳаи маориф, яъне фароҳам овардани шароит барои кӯдакону наврасон, ки фарзандону набераҳои мову шумо ва насли ояндасози халқамон мебошанд, саҳми худро гузоранд.

Соли 2021-ум қариб 1200 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 136 нафар ба мактабҳои олии мамолики хориҷӣ дохил шудаанд.

Зарур аст, ки мо минбаъд низ барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардонидани фарзандонамон тамоми шароити зарурии таълимро муҳайё намоем.

Дар се соли охир ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 21 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла бинои нави беморхонаи минтақавӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ бунёд гардида, даҳҳо муассисаи табобатӣ аз таъмир бароварда шудааст.

Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар ноҳия норасоии кадрҳо аз рӯи баъзе ихтисосҳои тиббӣ, аз ҷумла мутахассисони вирусшинос ва беҳдоштиву санитарӣ, ки дар шароити имрӯза талабот ба онҳо хеле зиёд мебошад, ба назар мерасад.

Аз ноҳияи Ашт ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 278 нафар ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи тиббӣ 668 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд ва зарур аст, ки норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби онҳо бартараф карда шавад.

Дар ин самт, ба роҳбарону масъулони соҳа, ҳамчунин, зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳия таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъкид менамоям, ки вазифаи муҳимми роҳбарону фаъолони ноҳия, падару модарон ва аҳли зиё густариш бахшидани корҳо дар байни аҳолӣ доир ба пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои радикаливу экстремистӣ, таъсири манфии зуҳуроти бегонапарастӣ ва ойину анъанаҳои номатлуби бегона мебошад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, роҳбарону масъулини ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва риояи қонунияту тартибот тарбия кардани наврасону ҷавонон ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин, дар шароите, ки бар асари вазъи бисёр муташанниҷу буҳронии ҷаҳони муосир болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот, сӯзишворӣ, хизматрасониҳо ва муҳимтар аз ҳама, маҳсулоти хӯрокворӣ мардуми сайёраро ба изтиробу нигаронӣ овардааст, мо бояд тамоми захираву имкониятҳои худро барои истеҳсоли маҳсулот, захира кардани маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар намоем.

Чунонки дар давраи пандемияи КОВИД – 19 дидем, дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи кишварҳо, ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ танҳо дар фикри худ мешаванд ва ба ҷорӣ кардани монеаву маҳдудиятҳо даст мезананд.

Бинобар ин, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем, баръакс, нисбат ба ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид гардида, кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва нагузорем, ки халқамон аз камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода муҳтоҷӣ ва азияту танқисӣ кашанд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Ашт анъанаҳои фарзандони номдор ва содиқ ба Ватан ва халқи Тоҷикистонро идома бахшида, минбаъд низ ба хотири рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ободии Ватан саъю талош менамоянд ва ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 35 – солагии истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон аҳлона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегарданд.

Дар ин ҷода ба кулли мардуми ватандӯсти ноҳия ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ саломатӣ ва барору муваффақият орзу менамоям.

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...