-1 C
Tajikistan
Saturday, May 28, 2022

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бинои Беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд

 16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳия Ашт, дар деҳоти Понғоз бинои Беморхонаи ноҳиявии рақами 5-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос гардиданд.

Беморхона аз се бинои дуошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 80 кати хоб дар асоси санъати меъмории миллӣ ва муосир дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани беморхона 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхона 4 шуъба, аз ҷумла амрози калонсолону бачагона, таваллудхона, ҷарроҳӣ ва ташхисгоҳи функсионалӣ мавҷуд мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмати муосири тиббӣ мерасонанд. Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Олмон, Италия ва Чин мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Беморхонаи ноҳиявии рақами 5 дар ноҳияи Ашт мушкилоти чандсолаи аҳолии 32 ҳазорнафараи деҳоти Понғоз дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ рафъ гардида, ҳамакнун ҷиҳати табобати саривақтии бемориҳои гуногун ва ҳифзи сиҳатии ҷомеа шароити мусоид фароҳам омад. Дар биноҳои нави беморхона табибону мутахассисони соҳа имкон доранд, ки дар шароити мусоиди корӣ маризиҳои гуногунро саривақт муайяну муолиҷа намоянд. Беморхона ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст мебошад. Ин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бархӯрдории сокинон аз хизматрасонии баланди тиббӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо харҷи 17 миллион сомонӣ бунёд ва муҷаҳҳаз карда шудааст. Иншоот дар масоҳати 2,64 гектар бо ҷалби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст. Тамоми биноҳои беморхона бо нуқтаи гармидиҳии тавассути ангишт амалкунанда пайваст буда, ин раванд барои фаъолияти муназзаму самарабахши табибон дар фасли зимистон мусоидати зиёд мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони беморхона ду воситаи нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкорону шахсони саховатпешаи ин гӯшаи дурдасти кишвар баҳои баланд дода, зимни суҳбат бо табибон онҳоро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин шароит барои хизмати софдилона ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати хуб ба корафтодагон ҳидоят намуданд.

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии «ТОҶ АГРО»-и деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуданд

 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии...

Пагоҳ дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон баргузор мегардад

27 май дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ...

МУҲОКИМАИ ПАРЛУМОНӢ. Мавзӯи лоиҳаи идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ баррасӣ шуд

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ташаббуси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуданд

 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳамчунин бо роҳбарону...

Related news