-3.3 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

НИММАРАФОНИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ-2022. Варзишгарон аз Кения ва Эфиопия миёни мардон ва занон ғолиб омаданд

 Имрӯз дар Ниммарафони XII байналмилалӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе варзишгарон аз Кения Тоо Лазанес ва Эфиопия Течу Бекелу Абебе миёни мардон ва занон ғолиб омаданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад

Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

Иштирокчиёни чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи Раиси пойтахт шодбош намуда, зикр дошт, ки Ниммарафони байналмилалӣ нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Асотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.

Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки имсол дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 дар баробари намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ аз қабили Қирғизистон-3, Узбекистон-3, Кения-2, Эфиопия-3 ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Ниммарафони XII байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

Ҳамин тариқ, пас аз тай намудани масофаи зикргардида, ғолибони Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе муайян гардиданд:

Миёни мардҳо:

Ҷойи якум — Тоо Лазанес (Кения)

Ҷойи дуюм — Фенте Ҷирма (Эфиопия)

Ҷойи сеюм — Виталий Шафар (Украина)

Ҷойи чорум — Кемшибеков Нурсултан (Қирғизистон)

Ҷойи панҷум — Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Ҷойи шашум — Меҳроб Одинаев (Тоҷикистон)

Миёни занҳо:

Ҷойи якум — Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

Ҷойи дуюм — Нҷау Мэри Вангуи (Кения)

Ҷойи сеюм — Гулшанай Сафарова (Қирғизистон)

Ҷойи чорум — Екатерина Тунгушкова (Узбекистон)

Ҷойи панҷум — Раҷабмоҳ Абдуллоева (Тоҷикистон)

Ҷойи шашум — Зуулҳиҷа Ғаффорзода (Тоҷикистон)

Ёдовар мешавем, ки бори аввал Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2021)

Мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон:

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Узбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 — Даря Маслова (Қирғизистон)

АКС: АМИТ «Ховар»/шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news