4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Маркази миллии тестӣ: Давраи бақайдгирии ИМД-2022 то 30 апрел тамдид карда шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки давраи бақайдгирии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар соли 2022 то 30 апрел тамдид карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори МД «Ҷаҳоннамо» хабар доданд, бинобар зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.

Ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро бо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои мехостаашон пешакӣ омода намуда, баъдан дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки бо мақсади сарфаи вақти худу кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз хизматрасонии «Пешномнависӣ»,  ки дар сомонаи Марказ дастрас аст, истифода намоянд.

Ба довталабон тавсия дода мешавад, ки бо маълумоти омории ҷараёни бақайдгирӣ, ки дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/imd/hisoboti-davri.html) ҷойгир карда шудааст, шинос шуда, дар сурати зарурат ва хоҳиш доштан интихобҳои аввалини худро дар давраи бақайдгирӣ, ки тамдид гардидааст, иваз намоянд.

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news