5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Ҷонибек Ҳикмат ва Владимир Воронков идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе»-ро баррасӣ карданд

8 апрел вохӯрии Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла танзими чорабиниҳои муштарак ҷиҳати татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва идомаи ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфта» баргузор гардид.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танзим шуда буд.

Тавре МД «Ҷаҳоннамо» қаблан хабар дод, конфронси навбатии сатҳи баланд дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news