3.8 C
Tajikistan
Wednesday, May 18, 2022

Тоҷикистон ва Миср табодули маълумоту таҷрибаро дар соҳаи обу обёрӣ баррасӣ карданд

10 апрел Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо Вазири захираҳои об ва обёрии кишвари иқомат Муҳаммад Абдулотӣ мулоқот намуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду кишвар дар соҳаи обу обёрӣ, аз ҷумла табодули маълумоту таҷриба дар ин соҳа баррасӣ шуд.

Бо ишора ба зарурати омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории босамар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 10 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар анҷумани соҳибкорону сармоягузорони Мисру Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, сарватҳои бойи зеризаминӣ, кони маъданҳои фоиданок, металлҳо, сангҳои қиматбаҳо, табиати зебо, иқлими мусоиди кишти сабзавот, парвариши меваҳои хушсифату хушлаззати аз лиҳози экологӣ тоза андешаронӣ карда, аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки аз имконияти сармоягузорӣ дар ин самтҳо истифода баранд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истеҳсоли доруворӣ, чорводорӣ ва соҳаи асалпарварӣ, коркард ва содироти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин оби баландсифати нӯшокӣ — бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Ховари Наздику Миёна — барои шарикони мисрии мо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар хоҳад буд.

Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба  роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Тоҷикистон, табиати нотакрори он, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва дигар имконоти соҳаи сайёҳӣ, махсусан, туризми кӯҳӣ изҳори андеша карда, таъкид  доштанд, ки қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир сайёҳонро ҳар сол барои дидор бо Тоҷикистон ҷалб менамоянд, шумораи онҳо сол то сол афзоиш меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳарду кишвар судовар хоҳад буд.

Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Арабии Миср даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news