Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Сурия Зубайдулло Зубайдзода 7-8 апрел дар шаҳри Димишқ бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Файсал ал-Миқдод ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот намуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар арсаҳои гуногун ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Инчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавӣ ва табодули таҷриба баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин перомуни вазъияти кунунии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд.