3.8 C
Tajikistan
Wednesday, May 18, 2022

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Як зумра санадҳо вобаста ба сода гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расиданд

Охири моҳи марти соли равон бо қарорҳои  дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳо вобаста ба сода гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд.

Санадҳои мазкур «Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ», «Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ», «Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ», «Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии ба шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда» мебошанд.

«Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ» тартиби пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва сохтори онро муайян карда, вазифаи асосии он муайян ва дохил кардани маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ба феҳрист, сода кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ба хизматрасонандаҳо мебошад. Инчунин мақсади пешбурди феҳрист баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати фаъолияти хизматрасонанда, таъмини дастрасӣ ва шаффофияти маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ба гирандагони хизматрасонӣ ва баҳисобгирӣ ва таҳлили хизматрасониҳои давлатӣ ба шумор меравад. Феҳристи мазкур бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таҳия мегардад.

Тартиби муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, «Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ»-ро муайян менамояд.

Мақсади ин қоидаҳо сода гардонидан ва суръат бахшидан ба раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатие мебошад, ки аз ҷониби хизматрасонанда пешниҳод мешавад, аз ҷумла:

— аз байн бурдани расмиёти зиёдатии маъмурӣ ва шумораи воҳидҳои ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ;

— кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳои коғазие, ки аз ҷониби гирандагони хизматрасониҳо барои ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд ё ба шакли электронӣ табдил додани онҳо ё бо варақаи иттилоотӣ иваз кардани онҳо;

— таъмини ҳамкории байниидоравии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ;

— ҳамкории гирандагони хизматрасонӣ бо шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»;

— кам кардани вақти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;

— баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон ва ташкилот аз натиҷаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

— кам кардани хавфи коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷетӣ.

«Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ» тартиби таҳияи стандартҳо ва меъёрҳо вобаста ба хизматрасониҳои давлатиро муайян намуда, ба таъмини риояи талаботи ягонаи муқаррарнамудаи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ равона шудааст.

Мақсади он таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои давлатӣ, муносибати ягона ба пешниҳодҳои хизматрасониҳои давлатӣ, шафофият ва ҳисоботдиҳии фаъолияти хизматрасонанда оид ба хизматрасониҳои давлатӣ, муносибгардонии минбаъда ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, мубодилаи муносибат бо гирандагони хизматрасониҳо ҳангоми анҷомдиҳии хизматрасониҳои давлатӣ, анҷомдиҳии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», мониторинг ва танзими фаъолияти хизматрасонанда оид ба расонидани хизмати давлатӣ мебошад.

«Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ» тартиби ҳамкории Маркази ягонаи тамосро бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатӣ анҷом медиҳанд, муқаррар менамояд.

Мутобиқи он иштирокчиёни ҳамкорӣ Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, мебошанд.

«Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии ба шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда» фарогири хизматрасониҳои давлатӣ дар самти бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷои истиқомат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва гирифтани маълумот мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии қишрҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар ва бо мақсади амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» қабул гардид.

Консепсияи мазкур бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ шуд.

Амалисозии Консепсия имкон дод, ки номгӯйи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ сари вақт ва босифат ба шаҳрвандон ба таври электронӣ расонида шавад ва зуҳуроти номатлубе, чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан дар ҷомеа коҳиш ёфта, аз байн раванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...