11 апрел дар ТАСС нишасти матбуотии онлайнии президенти муассисаи патентии Авруосиё ва роҳбарони мақомоти патентии кишварҳои узви Созмони патентии Авруосиё (СПА) тибқи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои маъмурии ин созмон баргузор мешавад. Дар он Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода иштирок мекунад.
Дар бораи натиҷаҳои кори системаи минтақавии ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, фаъолияти идораҳои миллии патентӣ ва дурнамои рушди СПА роҳбарони идораҳои патентии давлатҳои аъзои СПА: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин президенти Созмони патентии Авруосиё Григорий Ивлиев суҳбат мекунанд.
Намояндагони ВАО метавонанд ба таври фосилавӣ бо пур кардани НУСХАИ АККРЕДИТАТСИЯ дар саҳифаи эълон дар бахши Маркази матбуоти ТАСС иштирок намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ зарур аст рақамҳои телефони мобилӣ, ки ба он барномаи WhatsApp насб шудааст, нишон дода шавад.
Пахш дар сомонаи ТАСС дар саҳифаи эълон ва инчунин дар гурӯҳи Маркази матбуоти ТАСС дар ВКонтакте дастрас хоҳад буд.