-22.2 C
Tajikistan
Thursday, February 13, 2025

«Somon Air» парвозҳояшро ба Москва афзоиш дод

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Москва-Душанбе афзоиш дод. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти Москва (Фурудгоҳи Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти  бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Федератсияи Русия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд. Инчунин аз 15 марти соли равон вуруди мусофирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия пурра ё қисман иҷозат дода шудааст.

Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Latest news

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025...

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзииҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавиихизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҶумҳурииТоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайнтаъин намудани Каримӣ А.М.

Related news