-11.6 C
Tajikistan
Sunday, January 29, 2023

Синамогарони Узбекистон аз қалъаи бостонии Ҳисор ва «Бозори ҳунармандон» боздид намуданд

 Ҳайати синамогарони Ҷумҳурии Узбекистон, ки ҷиҳати иштирок дар Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил ва Гурҷистон ба Душанбе омадааст, ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.  Дар ин бора  МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Меҳмононро дар ҳайати раиси кинематографистони Ҷумҳурии Узбекистон Матъяқуб Матчанов, коргардони кино Фурқат Усмонов, ҳунармандони синамо Умед Искандаров, Лола Элтоева, Нигина Анарбаева ва филмноманавис Рустам Ҷабборов  роҳбарияти шаҳр пазироӣ ва ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр синамогарони узбек қабл аз намоиши  филмҳои ҳунарие, ки бо худ дастовез овардаанд, бо сокинони шаҳр мулоқот намуда, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.

Зикр шуд, ки дӯстии халқҳои тоҷику узбек аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.

Бо шарофати ақлу хиради волои Сарварони ду кишвари ба ҳам дӯст- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар, аз ҷумла робитаҳои фарҳангӣ ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардиданд.

Ҳайати синамогарони узбек ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор рафта, аз қалъаи бостонии Ҳисор дидан намуд. Дар регистони қалъа аз ҷониби кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва аҳли ҳунари шаҳр барномаи фолклории «Бозори  ҳунармандон», намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаш гардид. Меҳмонон ба хӯрокҳои миллии омоданамудаи кадбонуҳои тоҷик, пухтупази қаннодон ва маҳсули дастони дигар ҳунармандони шаҳр баҳои баланд дода, расму ойин ва ҳунарҳои мардумии ду миллатро шабеҳи ҳамдигар маънидод карданд.

Инчунин дар маҷмааи фароғатии «Шаршара» санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор  барномаи рангини консертиро манзури синамогарони Узбекистон намуданд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news