6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Дар доираи Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ имзо гардид

Беш аз даҳ санади нави ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои вилояти Суғд имрӯз дар доираи баргузории Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат» дар шаҳри Истаравшан дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» доир гардид, ба имзо расонида шудДар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд.

Дар форум беш аз 150 нафар   намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноатро матраҳ карданд.

Форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Саъдӣ Қодирзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ, Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Леннӣ Монтиел ва директори Иттифоқи рушди бахши хусусӣ Наима Нурматова суханронӣ намуда, баргузории Форуми минтақвиро дар шаҳри Истаравшан қадами муассир дар  самти  татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии мамлакат арзёбӣ карданд.

Ҳадафи баргузории форум вусъати ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи  лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ ба шумор меравад.

Инчунин роҳбарону намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии кишвар назири «Оби зулол», «Мармарӣ» тавассути рӯнамо баромад намуданд.

Ҳамзамон иштирокдорони  форум аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд дидан карданд.

АКСҲО: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news