5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Вохӯрии панҷуми роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои СҲШ доир шуд

31 март дар шаҳри Исломобод таҳти раёсати Ҷумҳурии Исломии Покистон вохӯрии 5-уми роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи маҷозӣ баргузор шуд, хабар доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ роҳбарони ниҳодҳои олии аудити кишварҳои СҲШ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Ҳиндустон ва  Покистон иштирок намуда, вобаста ба якчанд  масъалаҳо, аз қабили «Аудити хароҷот барои мубориза бо Ковид-19», «Таъсири «Ковид-19» ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» ва «Аудити фосилавӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода  дар мавзӯи  «Таъсири Ковид-19 ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» сухан гуфта, ба ҳамкории гуногунҷанбаи минбаъда изҳори умедворӣ намуд.

Дар ҷаласа иштирокдорон ба имзои протоколи ҷаласа ва Нақшаи чорабиниҳо дар чаҳорчӯби ҳамкории мақомоти олии аудити кишварҳои узви СҲШ барои солҳои 2022-2023 овоз доданд.

Тибқи қарори навбатӣ, ҷаласаи 6-уми СҲШ соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт.

Мавриди зикр аст, ки вохӯрӣ дар ду сол як маротиба гузаронда шуда, бо мувофиқаи тарафҳо вазифаҳои ҳамоҳангсоз ба ҷониби қабулкунанда вогузор карда мешаванд.

Механизми мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои олии назоратии кишварҳои узви СҲШ соли 2010 таъсис шуда буд, ки бо ташаббуси муштараки ниҳодҳои олии аудити Чин ва Русия сурат гирифтааст. Ҳоло ба ассотсиатсия ниҳодҳои олии аудити ҳашт кишвар — Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон  шомиланд.

АКСҲО: Палатаи ҳисоби ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news