4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

«Амонатбонк» ва БАТР дурнамои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Вазъи бахши молиявии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  бо дарназардошти таъсири пандемия ва дигар омилҳои берунии вазъи ҷаҳон дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати  расмии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/  таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Орлов  дар Душанбе баррасӣ гардид.

МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар медиҳад, ки  дар мулоқот мусоҳибон атрофи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» ва БАТР  ибрози назар намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ рӯнамои фаъолияти молиявии  «Амонатбонк»-ро пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд намуд.

Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Орлов ба фаъолияти БДА Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд баён намуд.

АКСҲО: БДА ҶТ «Амонатбонк»

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news