-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Варзишгарони тоҷик 6 медал ба даст оварданд

30 март бо баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд. Дар рӯзи охирини ин чемпионат велосипедронони  тоҷик соҳиби 6 медал ( 2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ) гардиданд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дар рӯзи охири мусобиқа устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61км ва ҳаваскорон дар масофаи 111км сабқат карданд.

Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон дастаи Ироқ пирӯз гардид.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи шашум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, устодони варзиши велосипедронӣ, 111 км

19-34-солаҳо

  1. Беҳзодбек Раҳимбоев (Узбекистон)
  2. Маҳдӣ Албаттаҳ (Ироқ)
  3. Аҳмад Алрикобӣ (Ироқ)

35-39-солаҳо

  1. Халид Алӣ Алблушӣ (АМА)
  2. Алӣ Ҷавод (Покистон)
  3. Беҳзод Ҳакимов (Тоҷикистон)

40-44-солаҳо

  1. Вадим Ежаков (Қазоқистон)
  2. Ромин Худоиев (Тоҷикистон)

45-49-солаҳо

  1. Александр Игонин (Тоҷикистон)
  2. Баҳриддин Исомиддинов (Тоҷикистон)

50-99-солаҳо

  1. Ринат Батиршин (Тоҷикистон)
  2. Ҷаргал Гавааҷав (Муғулистон)
  3. Павел Салимов (Тоҷикистон)

Даставӣ, устодон

  1. Ироқ
  2. Покистон
  3. Тоҷикистон

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news