0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд

30 март дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Маҷлиси шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Иброҳим Оли Шайх баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла дурнамои тақвияти минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ 22 феврали соли 1992 барқарор гардидаанд. Подшоҳии Арабистони Саудӣ 11 январи соли 1992 Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.

Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз — пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри соли 2008 кушода шуд. Сафорати Шоҳигарии Саудӣ дар Душанбе соли 2010  ифтитоҳ ёфт.

24-26 майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

Аз лиҳози густаришу тавсеаи ҳамкорӣ таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ аҳамияти хосса дорад. Ҷаласаи якуми Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун абзори ҳамоҳангсози ҳамкории бахши хусусии ду кишвар таъсис ёфт.

Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳими тақвияти ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news